Варзиши хориҷа: Роналду дар тӯбзанӣ рекорди футболбозони аврупоро нав кард

Варзиши хориҷа: Роналду дар тӯбзанӣ рекорди футболбозони аврупоро нав кард

  • Post category:Варзиш

Ҷамоаи яккачини Португалия дар доираи мусобиқаи лигаи миллатҳо ҷамоаи яккачини Шветсияро ба ҳисоби 2:0 мағлуб сохт. Дар вохӯрӣ Роналду (Португалия) ба дарвозаи Шветсия 2 тӯб дароварда, шумораи тӯбҳои дар ҷамоаи яккачини Португалия задаашро ба 101 расонид. Ҳамин тариқа, дар ҷамоааш футболбози ба дарвозаи ҷамоаи рақиб зиёда аз 100 тӯб зада, инчунин дар байни футболбозони аврупоӣ ҳам дар ҷамоааш зиёда аз 100 тӯб дароварда тавониста шуд. Дар дунё аз рӯйи задани беш аз 100 тӯб ба ҷамоаи рақиб собиқ футболбози ҷамоаи яккачини Эрон Алӣ Даеӣ рекордчӣ шуморида мешавад. Вай ба дарвозаи ҷамоаи рақиб 109 тӯб даровардааст. Ҳуҷумгари клуби «Ювентус» Криштиану Роналду барои Португалия боз ба дарвозаи рақиб 9 тӯб занад, рекорди ҷаҳониро нав мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ