Муҳоҷирони корӣ пеш аз рафтан ба Русия касбу забон меомӯзанд

Муҳоҷирони корӣ пеш аз рафтан ба Русия касбу забон меомӯзанд

  • Post category:Ҷамъият


Эркин Муҳиддинов, муовини якуми вазири шуғли аҳолӣ ва муносибатҳои кории Ӯзбекистон дар бораи корҳое, ки барои ҳалли мушкилу муаммоҳои муҳоҷирони корӣ иҷро мешавад, маълум кард.
Муҳиддинов гуфт, “ Муҳоҷири ӯзбекистонӣ, ки ба Русия меравад, 25 рӯз мунтазири гирифтани патент мешавад. Бе патент ӯ кор карда наметавонад. Мо ба зудӣ барои тавофуқи байниҳукуматӣ дар ин масъала ба Русия сафар мекунем”.
Ба гуфтаи Муҳиддинов, системаи комилан нав, қонунӣ ва бехатари муҳоҷират аз 3 банд иборат мешавад:

  1. Шаҳрвандоне, ки мехоҳанд барои кор ба хориҷа раванд, қабл аз муҳоҷират омодагӣ мебинанд. Барои омӯхтани забони хориҷӣ ва касб ба онҳо ёрӣ дода мешавад.
  2. Ҳуқуқи шаҳрвандоне, ки дар хориҷа кор мекунанд, ҳимоя карда мешавад.
  3. Баъди ба ватан баргаштани муҳоҷирони корӣ онҳо бо кор таъмин мегарданд.
    Барои беш аз 2 ҳазор нафар шаҳрванде, ки мехоҳанд дар Русия кор пайдо кунанд, 33-то маркази омӯзиши касбу ҳунар ба роҳ андохта шудааст.
    Муовини вазири шуғли аҳолӣ гуфт, “Дар рӯзҳои наздик курсҳои забони русиро низ роҳандозӣ мекунем. Барои амалӣ кардани ин мақсад намояндагони Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русияро ба Ӯзбекистон даъват кардем. Онҳо омаданд ва дар айни ҳол дар вилоятҳо омӯзгорони маҳаллиро ба кор ҷалб мекунанд ва ба онҳо услуби навро ёд медиҳанд. Иловар бар ин, сабтиноми (регистратсия) полисҳои суғуртаро низ оғоз кардем. Бунёди вобаста ба вазорат пардохти ин суғуртаҳоро таъмин мекунад”.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ