Дар Навоӣ ҷавононро барои ҳамла ба хонаи як нафақахӯр боздошт карданд

Дар Навоӣ ҷавонони 19 ва 23-сола хонаи нафақахӯрро талон тароҷ карданд. Дар ин бора мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд.

Тавре маълум гардид, ин ҳодиса 3-юми сентябр соати 11:40 дар кӯчаи Геологҳои ноҳияи Учқудуқ рух додааст. Бачаҳо аз танҳоии нафақахӯри 87-сола истифода бурда, ба хона даромадаанд, нафақахӯрро латукӯб кардаанд ва даҳонашро бо матоъ пӯшондаанд. Баъд 1,5 миллион сӯмро аз ҷевон гирифтаанд ва аз ҷои ҳодиса пинҳон шудаанд.

Нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ