Духтараки 6 сола дар бархӯрд бо мошини боркаш ба ҳалокат расид

Дар ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона ронандаи ГАЗ-53 духтараки шашсоларо пахш кард. Вай аз ҷароҳатҳои бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Рӯзи 9 — умисентябр дар ноҳияи Олтиариқи вилояти Фарғона садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷаи он як кӯдак ба ҳалокат расид, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Бозрасии давлатии ҳаракати нақлиёти Ӯзбекистон.
Тақрибан соати 13:25 ронандаи автомашинаи тамғаи ГАЗ-53 НК (соли таваллудаш 1993) ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Юксалиш М.О.-ро (соли таваллудаш 2014) пахш кардааст.
Шӯъбаи тафтишотии корҳои дохилии ноҳия аз рӯи қисми 2, моддаи 266 (вайрон кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ё истифодаи нақлиёт, ки боиси марги инсон шудааст) -и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард, тафтишот идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ