Сарвазирони тоҷику ӯзбек масъалаҳои муҳимми дуҷонибаро баррасӣ мекунанд

Сарвазирони тоҷику ӯзбек масъалаҳои муҳимми дуҷонибаро баррасӣ мекунанд

  • Post category:Асосӣ


Абдулло Арипов, сарвазири Ӯзбекистон рӯзҳои 28-29 сентябр ба Тоҷикистон сафар мекунад. Дар чорчӯби ин сафар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоъиву фарҳангии ду кишвар баргузор мешавад. Дар ин бора Азия Плюс хабар дод.
Дар ҷаласа Абдулло Арипов ва Қоҳир Расулзода, сарвазирони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон роҳбарӣ хоҳанд кард.
Тарафҳо дар мулоқот боз кардани сарҳадҳо ва ба роҳ андохтани парвозҳои дуҷонибаро, ки ба далели пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин, масъалаҳои соҳаи энергетика, содироту воридоти нерӯи барқ ва гази табиъӣ ба ҳамдигар аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа хоҳад буд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ