Алексей Навалний ба ҳуш омад

Алексей Навалний ба ҳуш омад

  • Post category:Ҷаҳон


Алексей Навалний, сиёсатмадори машҳур ва мухолифи ҳукумати Русия дар бемористони “Шерите”-и Олмон ба ҳуш омад. Дар ин бора The Insider хабар дод.
Бино ба хабар, вазъи саломатии Навалний хеле беҳтар шудааст. Ӯ ҳатто ҳодисаҳои пеш аз заҳролуд шуданашро ба хотир овардааст.
Ба назари шифокорон, ҳолати рӯҳии Навалний комилан ва ҳолати ҷисмониаш 90 дарсад барқарор аст. Ба гуфтаи онҳо, Навалний ба далели вокуниши (реаксия) саривақтии сарнишини ҳавопаймо ва кормандони тиббӣ дар фурӯдгоҳ зинда мондааст.
Дар ҳоли ҳозир ба ташриф овардагон ба бемористон барои дохил шудан ба пеши Навалний рухсат дода шудааст. Қаблан фақат шифокорон ва ҳамсари ӯ чунин ҳуқуқ доштанд. Аммо Навалнийро хеле ҷиддӣ муҳофиза мекунанд.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ