Рушди босуръати ҷангалзорон Заминро аз гармшавии иқлим наҷот намедиҳад

Рушди босуръати ҷангалзорон Заминро аз гармшавии иқлим наҷот намедиҳад

  • Post category:Ҷаҳон


Бисёр ҷамъ шудани дуоксиди карбон (СО2) дар атмосфера боиси рушди босуръати дарахтҳо мешавад, вале, дарозумрии онҳоро кам мекунад. Дар оянда чунин ҳол метавонад ҷаббиши СО2 аз сӯи ҷангалзоронро камсамар кунад. Ин назари олимони донишгоҳи Ню-Йорк аст. Дар ин бора Nature Communications хабар медиҳад.
Чунин назария вуҷуд дорад, ки парвариши ҷангалзорони нав Заминро аз гармшавии ҷаҳонӣ наҷот медиҳад. Дарахтон аз атмосфера дуоксиди карбонро меҷаббанд ва ин тавоноии ҷангалзорон пешбиниҳои некбинонаро ба вуҷуд меорад.
Вале, дар солҳои охир ҷои дарахтонеро, ки суст мерӯянд ва умри дароз мебинанд, дарахтҳои зудрӯ мегирад.
Тадқиқоти олимон нишон дод, ки афзоиши дарахтони зудрӯ ва камумр дар ҳама қисматҳои ҷаҳон дида мешавад. Олимон таъкид мекунанд, ки дарахтоне, ки зуд мерӯянд, барои ҳимояи худ (масалан аз ҳашарот, ё хушкӣ) нисбатан камтар захира доранд. Чунин сифати дарахтони зудрӯ ба тавоноии ҷаббиши дуоксиди карбон таъсир мекунад.
Чанде пеш олимон пешгӯӣ карда буданд, ки эҳтимоли то соли 2050 комилан аз байн рафтани ҷангалзорони Мангро вуҷуд дорад. Ҷангалзорони Мангро соҳилҳоро аз обхезӣ ҳимоя мекунанд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ