Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба 900 ҳазор нафар зиёд гардид

Шумораи қурбониёни коронавирус дар ҷаҳон ба 900 ҳазор нафар зиёд гардид

  • Post category:Ҷаҳон

Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ), шумораи беморони фавтида бо ташхиси тасдиқшудаи коронавирус дар ҷаҳон то 10 сентябр ба 908 ҳазор нафар расидааст.
Дар ҷаҳон зиёда аз 28 миллион нафар аз COVID-19 сироят ва 20,1 миллион тан шифо ёфтаанд.
Аз рӯи шумораи фавтҳо дар байни кишварҳо ИМА бо нишондиҳандаи 195,2 ҳазор фавт дар сафи пеш қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Бразилия бо 128,6 ҳазор фавт ва дар ҷойи сеюм Ҳиндустон бо 75 ҳазор тан ҷонбохтаи пандемия қарор доранд.
Дар Россия беш аз 1 миллион нафар гирифтори коронавирус шудаанд, 856,4 ҳазор нафар аз COVID-19 шифо ёфта ва 18,1 ҳазор тан ҷон бохтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ