Имсол дар Ҷиззах истеҳсоли KIA K5 ва KIA Seltos оғоз мешавад

Имсол дар Ҷиззах истеҳсоли KIA K5 ва KIA Seltos оғоз мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Ширкати Roodell аз моҳи ноябри соли 2020 дар минтақаи озоди иқтисодии “Ҷиззах” истеҳсоли автомобилҳои KIA K5 ва KIA Seltos-ро оғоз мекунад. Дар ин бора ширкати Roodell хабар дод.
Гуфта мешавад, ки ширкат дар оянда истеҳсоли автомобилҳои бренди ҷаҳониро ба роҳ меандозад. Автомобилҳои истеҳсоли Ҷиззах дар бозорҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба фурӯш хоҳад рафт.
Дар ҳоли ҳозир дар минтақаи озоди иқтисодии “Ҷиззах” марҳилаи охирини сохтусози корхона идома дорад. Ширкат дар оғоз соле 25 ҳазор дона автомобил истеҳсол мекунад. Дар марҳилаи дувум, то поёни соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли солона ба 100 ҳазор дона автомобил хоҳад расид.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ