Дар Тоҷикистон доир ба саҳми Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои ду кишвар конфронси илмиву амалӣ баргузор мешавад

Дар Тоҷикистон доир ба саҳми Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими муносибатҳои ду кишвар конфронси илмиву амалӣ баргузор мешавад

Бо ташаббуси Тоҷикистон рӯзҳои 14-15 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар таҳким ва рушди ҳамкории бисёрҷабҳа ва дӯстӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон” конфронси илмиву амалӣ баргузор мешавад.
Тавре “Азия-Плюс” хабар медиҳад , дар кори конфронс гурӯҳи сершумори сииёсатмадорону коршиносон ва олимони ҳар ду кишвар иштирок мекунанд.
Аз рӯйи натиҷаҳои кори конфронс дар Тошканд ва Душанбе бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ китобу брошюраҳо нашр мешаванд, ки фарогири гузоришҳои конфронс хоҳанд буд.
Қобили зикр аст, ки тӯли чанд соли охир таҳти сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат Шавкат Мирзиёев фазои муносибатҳо байни ҳамсоякишварҳо куллан дигаргун шуд. Ҳар ду ҷониб ба асосҳои шарикии стратегӣ замина мегузоранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ