Мавсими пахтачинӣ дар Самарқанд кай оғоз мешавад?

Мавсими пахтачинӣ дар Самарқанд кай оғоз мешавад?

  • Post category:Ҷамъият


Имрӯз дар АОКА бобати оғози мавсими ҷамъоварии пахта нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар нишасти матбуотӣ замони оғози мавсим дар вилоятҳоро эълон карданд.
Мавсими ҷамъоварии пахта нахуст дар Фарғона – 10 сентябр, яъне имрӯз оғоз шуд.
Рӯзи 15 сентябр дар Ҷумҳурии Қорақалпоқистон, вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Қашқадарё, Намангон, Сурхондарё ва Сирдарё ҷамъоварии пахтаро оғоз мекунанд.
Дар вилоятҳои Ҷиззах, Навоӣ, Тошканд ва Хоразм мавсим рӯзи 20 сентябр оғоз мегардад.
Вилояти мо Самарқанд мавсими пахтачиниро рӯзи 25 сентябр оғоз мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ