Олимон бонг мезананд, ки коронавирус ҳуҷайраҳои дилро «бурида» истодааст

Олимони ИМА даъват мекунанд, ки COVID-19-ро бинобар таъсири хатарноки коронавирус ба дил, ҳамчун як бемории нафас эътироф накунанд
Мувофиқи таҳқиқоти олимони Пажӯҳишгоҳи Гладстоун дар Сан-Франсиско, штамми коронавируси SARS-CoV-2 ба ҳуҷайраҳои дил зарари ҷиддӣ мерасонад.
Мутахассисон вазъи бофтаҳои дилу раги онҳоеро, ки аз коронавирус фавтидаанд, арзёбӣ карданд. Дар ҷараёни таҳқиқот олимони амрикоӣ ба хулосаҳои ташвишовар омаданд.
Аз ҷумла, пайдоиши «нобудшавии ҳуҷайраҳои инсон» ҳангоми COVID-19 дар дигар бемориҳо ба назар намерасад.
Тадқиқотҳо нишон доданд, ки зоҳиран як қисми мушакҳои дил ҳамчун бо ҷарроҳӣ канда шударо мемонад. Тибқи гуфтаи мутахассисон, ин патология бо бемориҳои бадастомада ё ирсӣ, ки одатан мушоҳида мешаванд, умумияте надорад.
Ғайр аз он, мутахассисон сӯрохиҳои сиёҳро дар ҷойҳои ДНК дар ядрои ҳуҷайра муайян карданд.
Тибқи гуфтаи олимон, патологияҳои муайяншуда ҳадди аққал возеҳии ҳолатҳои фишори нафас ва сустии нафасро таъмин мекунанд, ки ҳангоми сироят ёфтан бо шакли оддии коронавирус муддати тӯлонӣ боқӣ мемонанд.
Азбаски таъсири хатарноки коронавирус ба дил, олимони ИМА мардумро даъват мекунанд, ки COVID-19-ро ҳамчун бемории ягонаи нафас нашиносанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ