Нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар моҳи ноябр барпо мешавад

Нишасти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар моҳи ноябр барпо мешавад


Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ нишасти раисони ҳукумати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад. Ин хабарро Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳиба бо хабарнигорон баъди ҷаласаи шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ эълон кард.
Ба гуфтаи Лавров, нишасти сарони ҳукуматҳои СҲШ ба сурати онлайн баргузор мешавад.
Лавров гуфт, ки дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии СҲШ масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби мубориза бо терроризми байналмилалӣ, фурӯши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромарзӣ, ҷинояти киберӣ ва ғайра баррасӣ шуд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ