Пандемия. Дар як рӯз 749 ҳолати нав сабт шуд


Дар Ӯзбекистон паҳншавии коронавирус дубора афзоиш меёбад. Рӯзи 10 сентябр дар саросари кишвар 749 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
Бори охирин як моҳ пештар, рӯзи 2 август беш аз 700 нафар мубталои нав сабт шуда буд.
Бино ба маълумоти вазорати ҳифзи тандурустӣ, дар як рӯз 343 нафар шифо ёфт, 7 нафар бемор вафот кард.
Бо ин ҳол, шумори умумии беморон ба 45 679 нафар, шумори қурбониён ба 373 нафар ва шумори шифоёфтагон ба 42 55 нафар расид.
Рӯзи гузашта танҳо дар шаҳри Тошканд 512 ҳолати нави бемории COVID-19 сабт гардид.
Дар вилояти мо шумори рӯзонаи мубталоёни коронавирус 16 нафар буд.
Ҳоло дар бемористонҳо 2 751 нафар мубталои коронавирус бистарӣ ҳастанд. Вазъияти саломатии 439 нафари онҳо вазнин, 219 нафар хеле вазнин аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ