Арабистони Саъудӣ баъди 72 сол фазои қаламрави худро барои парвозҳои ҳавопаймоҳои Исроил боз кард


Ҳукумати Арабистони Саъудӣ розӣ шуд, ки ҳавопаймоҳои Исроил ва Аморати муттаҳидаи араб барои рафтуомад ба ҳамдигар аз тариқи фазои қаламрави саъудиҳо истифода кунанд. Ҳамчунин, Исроил метавонад барои парвоз ба кишварҳои Шарқ аз қаламрави ҳавоии ин кишвар убур кунад. Дар ин бора рӯзномаи The Jerusalem Post хабар дод.
Ба гуфтаи Ҷаред Кушнер, мушовири раисҷумҳури ИМА гуфт, ки тағйир ёфтани хатсайрҳо муддати парвозҳои чандин кишварро кӯтоҳтар мекунад.
Ӯ таъкид кард, “Кишварҳо низоъҳои кӯҳнаро раҳо ва ба сӯи оштӣ ҳаракат мекунанд… Монеъае, ки 72 сол вуҷуд дошт, аз байн рафт”.
Ёдовар мешавем, дар моҳи август Исроил ва Аморати муттаҳидаи араб бо миёнарави ИМА робитаҳоро барқарор карданд. Аморат баъди Миср ва Иордания саввумин кишвари арабӣ аст, ки бо Исроил оштӣ кард.
Ба гуфтаи сарвазири Исроил, ҳукумати ин кишвар барои барқарор кардани робитаҳо бо дигар кишварҳои минтақа низ кӯшиш мекунад.
Манбаъ: interfax.az

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ