РОНАНДАИ КОБАЛТ БА КАНАЛ ФАРОМАДА РАФТААСТ

10 -уми сентябр ронандаи Кобалт ба канал фаромада рафтааст. Дар ин бора матбуоти вазорати вазиятҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст.

Вақти чаппа шудани мошин, нерӯ ронандаро аз мошин берун рондааст ва ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дар дохили мошин як зани дигар низ буд. Ба ӯ муяссар шудааст, ки аз дохили мошини зери об ба саломатӣ берун барояд.
Наҷотдиҳандагони ВВФ-и вилояти Намангон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, чораҳои амалӣ дидаанд.
Ҷабрдида дар беморхона бистарӣ карда шудааст. Мошин бо истифода аз таҷҳизоти махсус аз канал хориҷ карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ