Парвозҳо дар байни Самарқанду Лвов ба нақша гирифта шуд

Парвозҳо дар байни Самарқанду Лвов ба нақша гирифта шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Дар ҳокимияти вилояти Самарқанд бо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва сафири Украина дар Ӯзбекистон Николай Дорошенко мулоқот баргузор шуд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти ҳокимияти вилоят, дар мулоқот қайд карда шуд, ки таҳкими муносибатҳои Ӯзбекистон ва Украина ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории ду минтақа мусоидат мекунад.
Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи IT Park, тандурустӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, чорводорӣ ва як қатор дигар соҳаҳо баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни мулоқот сафир даъватномаи роҳбари вилояти Львов Максим Козитскийро, ки бародари Самарқанд аст, ба вакилони вилоятамон супурд.
Шаҳрдори Самарқандро низ ба Лвов даъват карданд.
Дар мулоқот инчунин масъалаи ташкили парвозҳои мустақим байни Самарқанд ва Лвов баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳарчи зудтар бо иштироки истеҳсолкунандагон ва тоҷирони украинӣ бо соҳибкорони Самарқанд мулоқоти онлайн баргузор кунанд ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро густариш диҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ