«Толибон» ба Шарқи Афғонистон ҳуҷум ташкил кард

«Толибон» ба Шарқи Афғонистон ҳуҷум ташкил кард

  • Post category:Ҷаҳон

Рӯзи 10-уми сентябри соли ҷорӣ ҷангчиёни Ҳаракати»Толибон» ба Шарқи Афғонистон ҳуҷум карданд. Дар ин бора «Спутник» маълумот дод. Ҷангариҳо ба нуқтаҳои ноҳияи Хогяки вилояти Нангархар ҳуҷум карданд. Шумораи маъюбшудагон аниқ нашудааст. Аввалтар барои сар кардани музокираҳои байни ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон» 5000 нафар толиб озод шуда буд. Рӯзи 29-уми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Доҳа дар байни ИМА ва Ҳаракати «Толибон» сулҳи тинҷӣ ба имзо расида буд. Бино ба шартномаи тинҷии имзогардида ИМА дар худ маҷбурияти дар давоми 135 рӯз аз 12000 ба 8600 нафар кам кардани ҷангчиҳоро гирифта буд. Агар «Толибон» дар мамлакат худкуширо батамом қатъ кунад, амрикоиён ҳарбиён ва қувваи НАТО-ро дар давоми 14 рӯз гирифта мебаромаданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ