Ҷамъомади навбатии Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ соли 2021 дар Тошканд гузаронида мешавад

10 сентябр ҷаласаи IX Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шакли видеоконфронс, ки Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил намуда буд, баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ — аъзои Шӯро: ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, инчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ, Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви ИДМ ва Шӯрои сарони палатаҳои кишварҳои аъзои ИДМ ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа вазъи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадиро дар кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла бо дарназардошти вазъи эпидемиологии вобаста ба тавсеаи уфунати коронавируси COVID-19 муҳокима карданд, раванди иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи марҳилаи сеюми (солҳои 2016-2020) Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои давраи то соли 2020 дар бахши ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ баррасӣ ва оид ба дигар масъалаҳои мубрам табодули афкор намуданд.
Ба муҳокимаи лоиҳаҳои Консепсияи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он, ки Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2020 пешбинӣ намудааст, таваҷҷуҳи хос дода шуд. Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳод намуданд, ки лоиҳаҳои асноди мазкур ба баррасии ҷаласаи навбатии Шӯрои иқтисодии ИДМ ирсол шаванд.
Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкории байниминтақавӣ ва наздимарзӣ дар Тошканд соли 2021 баргузор шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ