Чемпионатҳои Осиё миёни наврасон ва ҷавонон кай гузаронида мешавад?

Чемпионатҳои Осиё миёни наврасон ва ҷавонон кай гузаронида мешавад?

10 сентябр ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё баргузор шуда, дар он якчанд қарорҳои муҳим қабул гардиданд. Аз ҷумла, ба хотири ҳифзи саломатии варзишгарони ҷавон ва мушкилоти сафар қарор карда шуд, ки чемпионатҳои Осиё миёни наврасон (U-16) ва ҷавонон (U-19) дар Баҳрайн ва Ӯзбекистон ба соли 2021 гузаронида шаванд.
Кумитаи иҷроияи КФО, ки ҷаласааш ба таври онлайн доир гашт, иқрор шуд, ки пандемияи COVID-19 имкон надод мусобиқаҳо имсол баргузор шаванд.
Хотиррасон мешавем, ки Чемпионати Осиё оид ба футзал, ки бояд моҳи ноябр дар шаҳри Ашқободи Туркманистон сурат мегирифт, акнун 2-13 декабри имсол дар Кувайт баргузор мешавад.
«Бо дар назар гирифтани тадорукот ҷиҳати ҳамоҳангии панҷ минтақаи Ҷоми КФО, инчунин ба анҷом расидани мусобиқаҳои маҳаллӣ дар аксар кишварҳо кумитаи иҷроияи КФО розӣ шуд, ки идомаи Ҷоми КФО-2020 баргузор нашавад», — хабар додааст сомонаи расмии КФО.
Ҳамчунин қарор қабул шуд, ки Анҷумани 30-юми КФО 9 декабр дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия ба таври онлайн доир карда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ