То ҳол 23 нафар қурбони сӯхтори ҷангалзорони ИМА шуданд


Шумори қурбониёни сӯхтори ҷангалзорон дар Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба 23 нафар расид. Дар ин бора шабакаи телевизионии “МИР 24” ба нақл аз рӯзномаи USA Today хабар дод.
Аксарияти қурбониён – 19 нафар сокинони иёлати Калифорния буданд. Ҳамчунин, дар Орегон 3 нафар ва дар Вашингтон 1 нафар қурбони сӯхтор шуданд.
Бино ба маълумоти рӯзномаи амрикоӣ, сӯхтор дар 12 иёлат паҳн шудааст. Тақрибан 1,5 миллион ҳектор замин дар оташ сӯхтаанд.
Сокинони Сан-Франсиско ва Лос-Анҷелес шикоят мекунанд, ки дуди сӯхтор ба онҳо имкони нафас гирифтан аз ҳавои тозаро намедиҳад. Дар натиҷаи сӯхтор ҳарорати ҳаво дар Калифорния ба 49,5 дараҷа расид. Чунин дараҷаи ҳарорат дар Калифорния рекорд аст. Ҳукумат ҳазорон сокини Калифорнияро ба ҷойҳои бехатар кӯчондааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ