Коршиносон: Бо гармои бесобиқа дар 50 миллион сол рӯбарӯ мешавем, агар…

Коршиносон: Бо гармои бесобиқа дар 50 миллион сол рӯбарӯ мешавем, агар…

  • Post category:Ҷаҳон


Мутахассисони олмонӣ ва амрикоӣ таърихи иқлими Заминро то даври динозаврҳо омӯхтанд. Онҳо равшан кардани таърихи иқлим боқимондаҳои сангшудаи аз қаъри баҳр гирифташударо омӯхтанд. Дар ин бора Science хабар медиҳад.
Пажӯҳиши олимон нишон дод, ки Замин дар 66 миллион соли охир 4 даври иқлимиро паси сар кард. Инҳо даврони “гарм, “тафсон”, “сард” ва “ях” мебошанд. Дар тӯли се миллион соли охир дар Замин бештар “даври ях” ҳукмфармо буд. Вале, гази гармхонаҳо ва дигар фаъолияти инсонӣ иқлимро ба сӯи “даври гарм” ва ҳатто “даври тафсон” равона мекунад.
Иқлими гарм бори охир дар замони эосен, ки тақрибан 34 сол аввал поён ёфтааст, мушоҳида шудааст. Дар он замон, ки ҳарорати ҳаво нисбат ба имрӯз 9-14 дараҷа болотар буд, Замин аз қуллаҳои яхбастаи худ маҳрум гаштааст.
Олимон ҳушдор медиҳанд, ки агар партови газҳои гармхонаҳо коҳиш наёбад, иқлим дар соли 2300 чунон гарм мешавад, ки чунин гармо дар 50 соли охир дар рӯи замин набудааст. Ба гуфтаи олимон, тағйирёбии табиии иқлим, ки дар натиҷаи ҳаракати Замин дар гирди Офтоб рух медиҳад, дар баробари гармшавӣ дар натиҷаи фаъолияти инсонӣ хеле ночиз аст.
Олимон гуфтанд, “Ҳарчанд, мо муайян кардем, ки Замин қабл аз ин низ иқлими гармро таҷруба кардааст, он аз иқлими ҷаҳони имрӯзаи мо хеле ва хеле фарқ мекард. Ин пажӯҳиш имконоти пешбинӣ кардани суръату пайомадҳои гармшавиро беҳтар мекунад ва ба палеонтологҳо, ки таъсири муҳити зист ба таҳаввулоти мавҷудотро меомӯзанд, низ фоидаовар хоҳад буд”.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ