Хурмо – биноии чашмро беҳтар мекунад Хурмо меваи болаззат ва фоиданок мебошад. Аммо он ҷиҳатҳои манфии худро низ дорад.

Хурмо – биноии чашмро беҳтар мекунад Хурмо меваи болаззат ва фоиданок мебошад. Аммо он ҷиҳатҳои манфии худро низ дорад.

  • Post category:Саломатӣ

Хурмо бо кадом хусусияташ фоиданок аст?
Мисли ҳамаи меваҳои апелсинмонанд, дар хурмо витамини А дар шакли бета-каротин мавҷуд аст. Организм аз 100 грамм хурмо метавонад меъёри ҳаррӯзаи 12 фоизи ин унсури муҳимро ба даст орад.
Витамини А – ҳуҷайраҳоро аз радикалҳои озод муҳофизат карда, пиршавиро суст мекунад ва хавфи саратонро кам мекунад.
Ин витамин кафолати биноии хуби чашми мебошад. Норасоии он ба бад шудани қобилияти биноӣ дар шом ва торикӣ оварда мерасонад.

Иммунитетро мустаҳкам мекунад
Дар таркиби хурмо витамини антиоксидант мавҷуд аст. Ин – витамини С мебошад, ки ҳамчун муҳофизи иммунитет машҳур аст. Дар 100 грамми ин мева 10 фоизи меъёри ҳаррӯзаи ин витамин мавҷуд аст.

Кайфиятро болида месозад
Ширинии хурмо дар он аст, ки дар таркибаш моносахаридҳо: глюкоза ва фруктоза бисёр мебошад. Он дилро мустаҳкам карда, кайфиятро болида месозад. Аз ин рӯ, хурмо мисли шоколад антидепрессант ва оромкунанда мебошад, фақат калорияаш камтар: дар 100 грамми он танҳо 60-70 ккал ҳаст.

Бо касалиҳо мубориза мебарад
Фаровонии калий ва магний дар хурмо кафолати мустаҳкамии девори рагҳо ва қувваи мушакҳои дил мебошад.

Варамҳоро бартараф мекунад
Дар хурмо, ки об бисёр аст, хусусияти пешобронӣ дорад. Он барои аз бадани инсон дур кардани оби зиёдатӣ ва варамҳо кӯмак мекунад.

Хурмо чӣ зарар дорад?
Боиси қабзият мегардад.
Афсӯс ки хурмо таъсири манфӣ низ дорад. Бисёрии моддаи танин боиси қабзият шуданаш мумкин. Дар давоми якчанд сол мунтазам хӯрдани хурмо, ҳатто онҳое, ки дар меъда хуб ҳазм нашудаанд, метавонанд боиси пайдоиши пуфакчаҳои зичи моддаҳо шаванд.

Боиси зардии пӯст мешавад
Ҳаминро дар хотир доред, ки каротини бета дар организм аз ҳад зиёд гардад зардии пӯстро ба вуҷуд меорад, хусусан дар кӯдакон.

Чандто хурмо хӯрдан мумкин?
Хурморо ба меъёр истеъмол кардан қобили қабул аст. Тавсия дода мешавад, ки калонсолони солим дар як рӯз на бештар аз 4 дона хурмо бихӯранд.

Одамони дорои вазни зиёдатӣ
Ба одамоне ки вазни зиёдатӣ доранд, бисёр хурмо хӯрдан тавсия карда намешавад: дар як рӯз 1-2 хурмо кифоя аст.
Хурмо дар диабети навъи 2 манъ карда нашудааст, аммо меъёри рӯзона набояд аз як дона зиёд бошад.
Тарҷима ва таҳияи Лола РАҲИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ