Парвозҳои миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон дубора ба роҳ андохта шуд

Парвозҳои миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон дубора ба роҳ андохта шуд


Рӯзи 11 сентябр парвозҳои миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон дубора ба роҳ андохта шуд. Дар ин бора вазорати ҳамлу нақли кишвар хабардод.
Акнун ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар хатсайри Тошканд-Алматӣ-Тошканд парвозҳо анҷом меёбад. Парвозҳоро ширкатҳои Uzbekistan Airways ва Air Astana анҷом медиҳанд.
Имрӯз ҳавопаймои Air Astana баъди таваққуфи чанд моҳ дар соати 12.40 дар Тошканд фурӯд омад.
Касоне, ки мехоҳанд дар ин масир парвоз кунанд, метавонанд аз сайтҳои расмии ширкатҳои ҳавопаймоҳӣ ба саволҳои худ ҷавоб биёбанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ