Инқилоби таксиҳо. Япония низ ба роҳандозии таксиҳои паранда омодагӣ мебинад

Инқилоби таксиҳо. Япония низ ба роҳандозии таксиҳои паранда омодагӣ мебинад

  • Post category:Варзиш


Ширкати SkyDrive-и Япония, ки бо омодасозии автомобилҳои паранда машғул аст, дар ин замина бо дигар ширкатҳои дар мавзӯъи “Шаҳри нави Осиё дар даври ҳавопаймоӣ” мусоҳиба анҷом дод. Дар ин бора сайти SkyDrive хабар медиҳад.
Дар ин мусоҳиба ширкати дигари Япония – SkyPort, ширкатҳои олмонии Volocopter и Lilium ва дигарон иштирок карданд..
Дар хабари SkyDrive гуфта мешавад, ки соли 2023 дар Япония таксиҳои паранда хидматрасонии худро оғоз мекунанд ва дар соли 2030 ин лоиҳа дар саросари кишвар амалӣ хоҳад шуд.
Томохиро Фукудзава, сармудири ширкати SkyDrive дар мусоҳибаи рӯзномаи The Japan times гуфт, ки тақрибан баъд аз сад соли истеҳсоли густурдаи автомобили Форд инсоният шоҳиди инқилоби нави ҳамлунақлӣ мегардад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ