БА 875 НАФАР БЕКОР РОҲХАТ ДОДАНД

БА 875 НАФАР БЕКОР РОҲХАТ ДОДАНД

  • Post category:Ҷамъият

Парерӯз дар истироҳатгоҳи марказии шаҳри Самарқанд «Ярмаркаи меҳнат»-и вилоятии ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.

Дар ярмаркаи мазкур 285 корхона ва ташкилотҳои вилоят бо 9308 ҷойи корӣ иштирок карданд. Ба ярмарка 4112 нафар шаҳрванд омада, ба 875 нафар бекорон барои қабул ба кор роҳхат супурда шуд. Инчунин, барои 33 нафар шаҳрванди бекор ва ба ягон касбу кор банд набуда аз ҷониби марказҳои ёрирасонӣ ба шуғл роҳхат дода шуд. 12 нафар ба маркази касбу ҳунаромӯзии шаҳри Самарқанд (KOICA), ба 21 нафар ба Маркази омӯзиши касбу ҳунари Боғишамоли шаҳри Самарқанд аз худи ҳамин ҷо роҳхат дода, ҳуҷҷатҳои онҳоро расмӣ гардонданд. Дар ярмарка мутахассисони соҳибтаҷрибаи мақомоти меҳнат аз рӯи талаб ва эҳтиёҷот дар доираи қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон «Дар бораи бо кор таъмин намудани аҳолӣ» ба 1202 нафар шаҳрванд маслиҳатҳо доданд.

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ABUBAKIR QO»RGON STAR» – и шаҳри Каттақӯрғон ба корҷӯён 5-то ҷойи холии корро пешниҳод кард. Ба ҷамъият 5 нафар коргари соҳиби маълумоти миёна лозим, ки маоши якмоҳааш 1500000 сӯмро ташкил мекунад.

– Имрӯзҳо Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба дуредгар, кавшергар-сантехники, мудири хобгоҳи донишҷӯён ниёз дорад. Дар ярмарка ҷойҳои холии мазкурро ба корҷӯён тақдим карда истодаем, – гуфт роҳбари шӯъбаи ходимони ДДС Ситора Абдуллоева.

– «Ярмаркаи меҳнат» имрӯз дар ин ҷо баргузор мегардад. Ба ин ҷо бо умеди ёфтани кори ба худ муносиб омадаам. Дар шаҳраки Гулободи ноҳияи Самарқанд ҳафтаи гузашта Ташкилоти таълими томактабии «Парвоз нодавлат МТМ» фаъолият оғоз намуда будааст. Ва ин муассиса ба ошпаз ниёз доштааст. Маоши кор ба ман маъқул шуд. Ба он ҷо рафта, бо шароитҳои корӣ шинос мешавам. Рақамҳои телефони роҳбари муассисаро гирифтам, – гуфт Мавлуда Холова аз ноҳияи Самарқанд.

– Ба ярмарка омада, аз ёфтани ҷойи кор мамнун шудам. Мактаби таълими умумии рақами 5- и ноҳияи Тайлоқ ба омӯзгори фанни технология эҳтиёҷ доштааст. Ман аз фанни мазкур дарс дода метавонам. Соҳиби ихтисос ҳастаму аз мактаб кор кофта истодаам. Ярмарка ба танам «ҷон» даровард, – гуфт сокини ноҳияи Тайлоқ Нуриддин Муҳиддинов.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ