1126 нафар довталаб дар имтиҳонҳои тестӣ иштирок накарданд

1126 нафар довталаб дар имтиҳонҳои тестӣ иштирок накарданд

Тибқи маълумоти шӯъбаи вилоятии Маркази давлатии тест (МДТ) санаи 11-уми сентябр дар шаҳри Самарқанд 1126 нафар довталаб дар имтиҳоноти тестӣ иштирок надошт.
Дар навбати аввал 570 нафар довталаб ба имтиҳон наомад ва 11 нафари дигарро барои вайрон кардани қоидаҳои имтиҳонсупорӣ дур карда шуд. Дар навбати дуюм бошад 556 нафар довталаб ба имтиҳон ҳозир нашуда 9 нафар барои қоидавайронкунӣ ба имтиҳони тестӣ рухсат дода нашуд.
Ҳаминро бояд таъкид намуд, ки аз санаи 2-юми сентябр то 11-уми сентябр довталабоне, ки ба муассисаҳои таълими олӣ ҳуҷҷат супоридаанд, 8901 нафар довталаб барои супоридани имтиҳоноти тестӣ иштирок накарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ