Ба дониш дили пир барно бувад…Илм нерӯ диҳад камолатро, Ақл иҷобат кунад суолатро!

Ба дониш дили пир барно бувад…Илм нерӯ диҳад камолатро, Ақл иҷобат кунад суолатро!

  • Post category:Фарҳанг

Шукри Парвардигор, ки зодгоҳи мо – Самарқанд аз қадим маскани маданияту маърифат буд ва хоҳад монд. Ин сарзамин чун гаҳвораи тамаддуни ҷаҳониву чӣ қадар алломаҳо гардидааст, ки ҳисоб надорад. Бузургони Шарқ маҳз дар Самарқанди қандманд илм омӯхтаанд, он ки дар замони соҳибқирон Амир Темур ва набераи ӯ Мирзо Улуғбек ба яке аз марказҳои илмии ин давр мубаддал гардида, олимон Қозизодаи Румӣ, Ғиёсуддини Ҷамшед, Салоҳиддини Мусавӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Классикони машҳури адабиёти тоҷику ӯзбек Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ҳам дар Самарқанд таҳсил ва такмили илму маърифат кардаанд,

Донишгоҳи давлатии мо бидуни муболиға аз мадрасаи олияи Мирзо Улуғбек сарчашма гирифтааст, ки 600 солагии он тантанавор ҷашн гирифта мешавад. Ман аз он ифтихор дорам, ки дар ин боргоҳи илм таҳсил гирифтам ва як умр ба насли наврас сабақ додам. Ҳоло садҳо нафар шогирдонам дар соҳаҳои гуногун адои вазифа карда, барои гул-­гул шукуфтани Ӯзбекистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузоранд. Дар байни онҳо арбобони давлат, сафирон, адибон, академикҳо ва дигарон ҳастанд.

Дар арафаи иди аз ҳама бузургу азиз – 29-солагии истиқлоли кишвари маҳбубамон ба ман ҳам бо фармони Президентамон мукофот дода шуд, ки қалбам аз шодӣ лабрез гардид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар мамлакати мо ҳурмату эҳтиром ба кормандони илму дониш маориф ва фарҳанг аст. Қариб 60 сол ҳаёти ман бо донишкада вобаста мебошад.

Рост гуфтаанд, ки:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.

Муслиҳиддин МУҲИДДИНОВ,
профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, соҳиби ордени «Эл-­юрт ҳурмати».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ