Гирдиҳамоии мардуми истиқлолхоҳи Каталония ба муносибати Рӯзи миллии минтақа

Гирдиҳамоии мардуми истиқлолхоҳи Каталония ба муносибати Рӯзи миллии минтақа

  • Post category:Ҷаҳон


Дар минтақаи Каталонияи Испания ба муносибати Рӯзи миллии ин минтақа тарафдорони истиқлол гирдиҳамоӣ карданд. Қаблан дар гирдиҳамоии ҷудоихоҳони (сепаратистҳо) Каталония садҳо ҳазор иштирок мекарданд. Аммо ин бор ташаббускорон қарор доданд, ки барои пешгирии паҳншавии коронавирус камтар одамон – 60 ҳазор нафарро ба гирдиҳамоӣ ҷалб кунанд. Имсол ин тадбир нисбат ба соли гузашта хеле оромтар гузашт. Дар гирдиҳамоии соли гузашта дар натиҷаи задухӯрди мардум бо кормандони пулис садҳо нафар захмӣ шуда буданд.
Дар шаҳри Барселона ҷудоихоҳон бозичаи хӯсаи (ҳайкали чӯбӣ) шоҳи Испания – Филиппи шашумро оташ заданд. Онҳо ҳамчунин, дар роҳҳои оҳани Жирона сӯхторҳоро барпо карданд. Пулис дар ин ҳодиса 4 нафарро боздошт кард. Ҳаракати қатораҳо фаврӣ бозистонда шуд.
Рӯзи миллии Каталония ба муносибати ҳодисаҳои оғози моҳи сентябри соли 1714, ки Барселона баъди муҳосираи тӯлонӣ комилан ба таркиби Испания дароварда шуд, 11 сентябр интихоб шудааст.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ