Сӯхторҳои паиҳам дар бандаргоҳи Бейрут

Сӯхторҳои паиҳам дар бандаргоҳи Бейрут

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзи 10 сентябр дар бандаргоҳи Бейрут сӯхтор рух дод. Дар натиҷа, анбори ёриҳои инсондӯстона сӯхт. Сӯхтор аз ин анбор ба анбори сӯзишворӣ низ гузашта ба он низ осеб расонд.
Дар ин анбор боз як сӯхтори дигар рух дод. Бино ба хабари Lebanon Debate, ин бор оташнишонон тавонистанд сӯхторро фаврӣ хомӯш кунанд. Вале, онҳо барои пешгирӣ аз сӯхтори эҳтимолӣ тамоми ҷойи сӯхтор об ва дигар моддаҳои сардкунанда пошиданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 4 август дар бандаргоҳи Бейрут таркиши шадид ба амал омада буд. Дар натиҷа бандаргоҳ ва як қисми пойтахти Ливан хароб шуд. Беш аз сад нафар кушта ва беш аз 5 ҳазор нафар дар ин ҳодиса захмӣ шуда буданд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ