Олимон: Заҳри занбӯри асал кушандаи ҳуҷайраҳои саратони сина аст

Олимон: Заҳри занбӯри асал кушандаи ҳуҷайраҳои саратони сина аст

  • Post category:Саломатӣ


Олимони Австралия дар заҳри занбӯри асал моддаеро кашф карданд, ки он кушандаи ҳуҷайраҳои саратони сина мебошад. Дар ин бора ВВС News хабар дод.
Заҳри занбӯри асал моддае ба номи мелиттин дорад. Мелиттин дар муолиҷаи ду навъи бемории саратони сина – саратони сегонаи манфии сина ва саратони HER2-мусбат, ки муолиҷаашон душвор аст, самарбахш мебошад.
Олимон дар пайи озмоиши заҳри 300 занбӯри муқаррарӣ ва занбӯри асал кашф карданд, ки миқдори муайяни заҳр ҳуҷайраҳои саратонро дар муддати як соат мекушад ва ба ҳуҷайраҳои дигар хеле кам зарар мерасонад. Ҳамчунин, мелиттин метавонад пеши рушди ҳуҷайраҳоро бигирад ва онҳоро безарар кунад.
Олимон гутан, “Ин як намунаи олии дигарест, ки аз чизҳои табиӣ барои муолиҷаи бемориҳои инсон истифода бурдан мумкин аст”.
Чанде пеш олимони дигари Австралия дору будани заҳри занбӯри асал ба навъҳои дигари саратон кашф карда буданд. Озмоиши онҳо нишон дод, ки заҳри занбӯри асал саратони меланомаро низ метавонад даво кунад. Барои он, ки доруи нав ба беморон дастрас шавад, олимон бояд якчанд озмоиши дигарро низ анҷом диҳанд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ