Фалсафаи мӯрчагон

Фалсафаи мӯрчагон

  • Post category:Фарҳанг

Ҳар касе боре садди роҳи мӯрча гаштааст, ӯ собитқадамӣ ва суботкории онро медонад. Ҳеҷ монеа пеши роҳи мӯрчаро гирифта наметавонад. Мӯрча аз боло ё паҳлӯи монеа гузашта, ба сӯйи мақсадаш ба пеш ҳаракат мекунад. Дар роҳаш агар хишт гузоред, мӯрча монеаро дида, ҳамоно ба ҷустуҷӯйи роҳи ҳалли мушкилӣ шурӯъ мекунад. Мӯрча ҳеҷ вақт мағлубиятро намеписандад ва ба сӯйи мақсадаш ҳаракат мекунад.
Агар мӯрча дона ё резаи нонеро пайдо кунад, бо тамоми қувва онро ба мӯрчахона бардошта мерасонад. Бо вуҷуди ин ягон мӯрчаи дигар ҳаргиз чизи бародараш пайдокардаро бо зӯрӣ кашида намегирад. Баръакс, ба кӯмаки ӯ мӯрчагони дигар мешитобанд, то ин ки бо саъю кӯшиши якҷоя борро ба мӯрчахона оварда расонанд.
Мӯрча ҷонвараки аз ҳама сершумори замин мебошад. Дар олам 16 миллион намуди мӯрчаҳо мавҷуданд. Ба ҳар одам 20 миллион мӯрча рост меояд.
Мӯрчаҳо хеле заҳматкаш буда, аз субҳи барвақт то шом кор мекунанд. Ҳар вақте инсон аз кор хастаю бефараҳ шуд, ба манзилаш баргашта, истироҳат мекунад, мӯрча бошад, дар бораи истироҳат фикр накарда, заҳмат мекашад. Вақте, ки одам ҳатто хеле субҳи барвақт аз хоб мехезад, мӯрчагон аллакай дар сари коранд.
Мушоҳидакор будан хеле хуб аст. Табиат устоди беҳтарин буда, он ба мо мисолҳои ҳайратангези заҳматкашӣ, ҳамоҳангӣ ва зебоиро нишон медиҳад. Агар сабақи хуби суботкорӣ ва меҳнатдӯстиро омӯхтанӣ бошед, сурати мӯрчаро гирифта, онро дар девори хона ва ё корхонаатон овезед. Сурати мӯрчагон ба шумо ва ҳамкоронатон ба ягон монеа нигоҳ накарда, ба мақсади худ расиданро ёдовар мешавад. Фаромӯш накунед: доноён мегӯянд, ки амалеро анҷом додан мехоҳанд, оқилон мегӯянд, ки кореро анҷом додаанд, аммо одамони аблаҳ ҳардуро муҳокима мекунанд.

Аз китоби «Ман ва пул»-и
Саидмурод ДАВЛАТОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ