“Донишномаи калони фиқҳ” дар Ӯзбекистон чоп шуд


Нашриёти “Азон китоблари” рӯзи 12 сентябр ҷилди якуми китоби “Катта фиқҳ энсиклопедияси”-ро тақдим кард. Дар маросими рӯнамоии китоб Мубашшир Аҳмад, раҳбари лоиҳа, Абдулҳодӣ Ғиёс, раҳбари гурӯҳи тарҷумонони энсиклопедия, олима Одинахон Муҳаммад Содиқ иштирок карданд. Нашри ин китоб дар соҳаи динӣ ва маърифии Ӯзбекистон яке аз ҳодисаҳои муҳим шуд.
Ба гуфтаи Мубашшир Аҳмад, “Донишномаи калони фиқҳ” бузургтарин китоби энсиклопедии замон мебошад. Китоб шакли имрӯзаи мероси ҳуқуқшиносии ислом то асри сездаҳуми солшумории ҳиҷрӣ аст. Ҷилди умумии энсиклопедия 45-то аст ва дар тарҷума ба забони ӯзбекӣ он 47-то китоб хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки дар нашр кардани “Донишномаи калони фиқҳ” тақрибан 200 нафар олими машҳури ислом раҳбарӣ кардаанд. Нашри китоб то 40 сол – аз соли 1965 то 2005 давом ёфтааст. Кувайт ин лоиҳаро аз ҷиҳати молиявӣ таъмин кардааст.
То ҳол энсиклопедия танҳо ба забони урду тарҷума шудааст. Дигар кишварҳо низ барои тарҷумаи комили китоб ба забони худ кӯшиш кардаанд, вале, кор ба охир нарасидааст.
Абдулҳодӣ Ғиёс, раҳбари гурӯҳи тарҷумонон гуфт, ки ҷараёни баргардондани китоб ба забони ӯзбекӣ 5 сол пеш оғоз шуда буд. Луқмон Бӯрихон муҳаррири тарҷумаи китоб мебошад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ