Дар Пайариқ 60 нафар омӯзгор мубталои COVID-19 шудаанд

Дар Пайариқ 60 нафар омӯзгор мубталои COVID-19 шудаанд


Медонем, ки имрӯзҳо дар саросари Ӯзбекистон омӯзгорони мактаб барои ташхиси коронавирус тест месупоранд. Омӯзгорони Пайариқ низ дар ин ҷараён иштирок карданд.
Бино ба хабари маркази матбуотии ҳокимияти ноҳия, дар рӯзи аввал 576 нафар омӯзгори пайариқӣ тест супурданд. Натиҷаи тестҳо нишон дод, ки 60 нафар аз онҳо бемории COVID-19 доранд. Мутахассисон дар умум тести 1 860 нафар омӯзгорро гирифтаанд. Натиҷаи дигар тестҳо ҳоло маълум нест.
Дар назарпурсии падару модарон дар бораи тарзи таҳсили фарзандон дар Пайариқ 47 810 нафар иштирок карданд. 35 850 ҳазор нафари онҳо шакли анъанавии таҳсилро ва боқӣ таҳсили онлайнро интихоб кардаанд.
Дар Пайариқ 99 мактаби таълими умумӣ фаъолият мекунанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ