Музокироти ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” дар Қатар оғоз шуд


Дар шаҳри Дӯҳа, пойтахти Қатар музокироти сулҳ дар миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши “Толибон” оғоз шуд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси шӯрои олии сулҳи миллии Афғонистон дар маросими ифтитоҳи ҷараёни музокираҳо суханронӣ кард.
Ӯ гуфт, “Ба “Толибон” арзи сипосгузорӣ мекунам, чун ба пешниҳоди музокираҳои сулҳу оштӣ розӣ шуданд. Имрӯз ҳамчун поёни ҷангҳо дар хотираҳо ба ёд мемонад”.
Ба гуфтаи Абдуллоҳ, тарафҳо барои сулҳ овардан ба Афғонистон тасмим гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷунбиши “Толибон” рӯзи 29 феврали соли ҷорӣ дар Дӯҳа бо ИМА тавофуқномаи сулҳро имзо карда буд. Бар асоси ин тавофуқнома, амрикоиҳо ва шарикони ӯ дар муддати 14 моҳ низомиёни худро аз қаламрави Афғонистон берун мебаранд. Толибон низ аз ҳудуди Афғонистон ба амнияти онҳо таҳдид намекунад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ