Рӯзи гузашта 488 нафар бемори COVID-19 шифо ёфтанд


Рӯзи 12 сентябр дар Ӯзбекистон 578 ҳолати нави сирояти коронавирус сабт шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз 488 нафар бемор шифо ёфтанд. Дар ин бора вазорати ҳифзи тандурустӣ хабар дод.
Дирӯз дар шаҳри Тошканд 4 нафар, дар вилояти Тошканд 2 нафар, дар кулл 6 нафар бемор даргузаштанд.
Дар ҳоли ҳозир шумори умумии мубталоёни коронавирус ба 46 850 нафар расида ва 43 511 нафари онҳо шифо ёфтаанд. Омори (статистика) шифоёбӣ 93 дарсад аст.
Дар ҳоли ҳозир 2 953 нафар бемор дар бемористонҳо муолиҷа мегиранд. Вазъияти 475 нафари онҳо вазнин, 231 нафари онҳо хеле вазнин аст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ