Аз таърихи пайдоиши иқтибосу ҳикматҳо

Аз таърихи пайдоиши иқтибосу ҳикматҳо

  • Post category:Фарҳанг

Ғалаба не, иштирок муҳим аст
Ин гуфтаҳо ба Пиер де Кубертен тааллуқ дорад. Вай соли 1936 ҳангоми кушоиши ботантанавии Бозиҳои олимпӣ дар Берлин, аз ҷумла гуфта буд: «Дар бозиҳои олимпиада ғалаба муҳим не, балки иштирок кардан муҳим аст».
Рӯзи 24-уми июли соли 1908 дар банкет – зиёфате, ки бахшида ба муносибати кушодашавии Бозиҳои IV олимпӣ дар Лондон доир гардид, Кубертон гуфтааст: «Дар ҳаёт ғалаба, мубориза муҳим аст, асосиаш – ғалаба кардан не, сазовор зӯрозмоӣ кардан аст».
Душмани душманам – дӯсти ман
Ин ифода на дертар аз асри XVII пайдо шудааст.
Ба ҳамин монанд маъноҳо дар рисолаи ҳинди қадим «Қонунҳои Ману» вомехӯрад: «Бояд душмани (худ) ҳамсоя ва тарафдорони душманро дӯсти ҳамсояи душман хонд».
Замон дигар мешавад ва мо ҳам якҷоя бо он тағйир меёбем
Ин ҳикмат дар миёнаи асри XVI дар Германия пайдо шудааст. Соли 1595 маҷмӯаи шиорҳои Матиаса Барбония «Императорони империяи Рим» чоп шудааст. Дар он ба даъвати шоҳ Лотереяи I (793-855) шеъре ҷой дода шудааст, ки чунин мисраъ ҳам дорад: «Ҳамааш дигар мешавад ва мо ҳам баробари онҳо тағйир меёбем».
Вақт – пул
Ин шиор ба Бенджамин Франклин нисбат дорад. Дар китоби «Маслиҳатҳо ба савдогари ҷавон» (1948) омадааст: «Дар хотир дор, ки вақт пул аст. Агар ту рӯзе 10 шиллинг кор карда тавонӣ… ва… ним рӯз бекор истӣ… ту панҷ шиллингро аз даст медиҳӣ».
Ин ибора ба шарофати Франклин пайдо шуда бошад ҳам, он дар матбуоти Англия то соли 1719 низ ба чашм мерасид.
Ҳамаи чизҳои доҳиёна одӣ
Ин ифода пас аз соли 1920 дар Россия пайдо шудааст. Шакли пешинааш «ҳамаи чизҳои бузург одӣ» аст.
Ин ҳикмат миёнаҳои асри ХIX дар ИМА низ паҳн шуда буд. Онро ба ҳуқуқшинос ва наттоқи машҳур Дониэл Уэбетер (1782-1852) нисбат медиҳанд.

Тарҷима ва таҳияи
М.ҶУМЪАЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ