Сирояти рекордии коронавирус дар як шабонарӯз дар Фаронса аз оғози пандемия

Сирояти рекордии коронавирус дар як шабонарӯз дар Фаронса аз оғози пандемия

  • Post category:Ҷаҳон


Дар як шабонарӯзи гузашта дар Фаронса 10 561 нафар мубталои нави коронавирус сабт шуданд. Аз оғози пандемия то ба ҳол нахустин бор аст, ки дар як шабонарӯз дар Фаронса беш аз 10 ҳазор нафар ҳолати сирояти коронавирус мушоҳида шуд.
Бино ба хабари вазорати тандурустии Фаронса, рекорди аввалӣ як рӯз пеш – 11 сентябр сабт шуда буд. Парерӯз шумори шабонарӯзии мубталоён 9 843 нафар буд.
Бо ин ҳол шумори умумии мубталоён дар Фаронса ба 373 911 нафар расид. Рӯзи 12 сентябр 12 нафар бемор даргузаштанд. Ҳоло шумори умумии қурбониёни COVID-19 дар Фаронса ба 30 910 нафар расид.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ