Мбаппе роҳбарони “ПСҶ”-ро огоҳ кард, ки тобистони оянда клубро тарк мекунад

Мбаппе роҳбарони “ПСҶ”-ро огоҳ кард, ки тобистони оянда клубро тарк мекунад

  • Post category:Варзиш


Килиан Мбаппе, муҳоҷими клуби “Пари Сен-Ҷермен” ба роҳбарони клуб маълум кард, ки дар поёни мавсими ҷорӣ, яъне дар тобистони соли оянба ба дигар ҷамоа меравад. Дар ин бора рӯзномаи британияии Тhe Times хабар дод.
Футболбозии 21-солаи фаронсавӣ пеш аз ҳама мехоҳад дар Испания, ё Англия фаъолияти худро идома диҳад.
Дар зимн, чанде пеш Носир Ал-Хелайфи, раиси “ПСҶ” гуфта буд, ки на Мбаппе, ва на ситораи бразилияӣ – Неймар дар ояндаи наздик клубро тарк намекунанд.
Ёдовар мешавем, Килиан Мбаппе тобистони соли 2017 аз “Монако” ба “ПСҶ” омада буд. Ӯ як солро бар асоси иҷора дар клуби Париж сипарӣ кард. Соле баъд “ПСҶ” трансфери 145-миллион долларии Мбапперо эълон кард. Дар мавсими гузашта ӯ ба далели захмӣ шуданаш ҳамагӣ дар 20 бозӣ иштирок кард ва 18 голро ба номи худ сабт кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ