Рӯзи 14 сентябр дар 2306-то мактаби Ӯзбекистон таҳсил оғоз мегардад


Аз фардо, 14 сентябр 2306-то мактаби Ӯзбекистон ба тарзи анъанавӣ соли таҳсилро оғоз мекунад. Чанд рӯз пештар 329 мактаб низ бо таҳсили анъанавӣ соли нави таҳсилро оғоз карда буд. Дар ин бора вазорати таълими халқ хабар медиҳад.
Дар даври пандемия мактабҳо бо қарори шӯрои намояндагони халқии маҳаллӣ фаъолияти анъанавии худро оғоз мекунанд. Дар минтақаҳое, мактабҳо ҳанӯз боз нашудаанд, бар асоси хулосаҳои вазорати ҳифзи тандурустӣ ва рухати шӯрои намояндагони маҳаллӣ ба фаъолияти онҳо рухсат дода мешавад.
Маълумот дар бораи мактабҳое, ки фаъолияти анъанавиро ба роҳ мемонанд, дар сайтҳои расмии ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва шӯъбаҳои таълими халқ эълон мешаванд. Ҳамчунин, роҳбарони синфҳо ба падару модарон маълумотҳои заруриро мерасонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ