Ҷопон барои се тарҳ дар Ӯзбекистон 162 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

Ҷопон барои се тарҳ дар Ӯзбекистон 162 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад

Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз санаи 9.09.2020 «Дар бораи чораҳои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо иштироки Бонки ҳамкории байналмилалии Ҷопон ва Бонки тиҷоратии Ҷопон» қабул карда шуд.

Тибқи ин санад, меморандуме, ки байни Вазорати технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва Бонки ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JBIC) 16-уми декабри соли 2019 ба имзо расидааст, татбиқи се лоиҳаи зерин ба нақша гирифта шудааст:

• Таъсиси Маркази нигоҳдорӣ ва коркарди маълумот (Маркази маълумот) дар солҳои 2020-2021;
• Васеъ намудани марказҳои коммутатсионии бастаи байналмилалии «Ӯзбектелеком»;
• Васеъ намудани шабакаи нақлиёти телекоммуникатсионӣ ва интиқоли маълумот дар «Ӯзбектелеком».

Барои маблағгузории лоиҳаҳо, JBIC ва Ширкати Sumitomo Mitsui Banking Corporation (SMBC) бо иенаи ҷопонӣ ба маблағи умумии 162,95 миллион доллар қарз пешниҳод мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ