Комилов ва Лебедев омодагиро ба нишасти ИДМ баррасӣ карданд

11-уми сентябр Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов дар Маскав бо Раиси Кумитаи Иҷроияи ИДМ — Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев мулоқот кард.

Зимни сӯҳбат оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба раёсати Ӯзбекистон дар ИДМ дар соли 2020 мубодилаи муфассали афкор сурат гирифт, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ. Зикр гардид, ки сарфи назар аз пандемияи коронавирусӣ, ҷониби Ӯзбекистон тавонист аксарияти чорабиниҳои қаблан ба нақша гирифташударо бомуваффақият татбиқ намояд.

Имсол дар шакли видеоконфронсҳо ҷаласаҳои мақомоти оинномавии ИДМ баргузор шуданд: Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (12-уми май), шӯрои сарони ҳукуматҳо (29-уми май) ва шӯрои иқтисодии ИДМ (30-юми июн), инчунин як қатор ҷаласаҳои мақомоти ҳамкории соҳавӣ.

Диққати махсус ба масъалаҳои омодагии ҳамаҷонибаи чорабинии асосии раёсати Ӯзбекистон дар ИДМ, Саммити Сарони давлатҳо (16-уми октябр) дода мешавад. Зикр гардид, ки ба рӯзномаи ин чорабинӣ масъалаҳои муҳиме дохил карда шудаанд, ки ба баланд бардоштани самаранокии ИДМ нигаронида шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ