Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон 5 нафар номзадро барои интихоботи раисҷумҳурӣ сабт кард


Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 13 сентябр номи 5 нафар номзадро барои иштирок дар интихоботи раисҷумурии кишвар сабт кард. интихобот рӯзи 11 октябр баргузор хоҳад шуд.
Ҳизби мардумӣ-демократии Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмон – раисҷумҳури феълиро пешниҳод кард. Номзадии Рустам Латифзода аз сӯи Ҳизби кишоварзӣ, Абдулҳалим Ғафоров аз сӯи Ҳизби сотсиалистӣ, Меъроҷ Абдуллоев аз сӯи Ҳизби коммунистӣ ва Рустам Раҳматзода аз сӯи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ пешниҳод шуд.
Масъалаи сабти номзадии Саидҷаъфар Усмонзода, номзад аз Ҳизби демократӣ имрӯз баррасӣ мегардад.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ