Швейтсария дар робита ба қазияи Гулнора Каримова 131 миллион доллар ба Ӯзбекистон бармегардонад

Швейтсария дар робита ба қазияи Гулнора Каримова 131 миллион доллар ба Ӯзбекистон бармегардонад

Швейтсария мегӯяд, ки розӣ шудааст, маблағҳои дар ҷараёни тафтишоти парвандаи Гулнора Каримова мусодирашударо ба Ӯзбекистон баргардонад. Ин маблағ 131 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар созишномаи баргардонидани маблағ пешбинӣ шудааст, ки маблағҳо барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ дар Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаҳои рушди устувор ва назорати шаффофи раванд истифода мешаванд.

Тибқи иттилои ҳукумати Швейтсария, боз 715 миллион доллари марбут ба қазияи Каримова ҳанӯз дар Швейтсария яхбаста шудааст. Шартҳои созишномаи ҷорӣ барои баргардонидани минбаъда татбиқ карда мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ