Тихановская ба Путин муроҷиат кард


Светлана Тихановская номзади собиқ ба мақоми раисҷумҳурии Белорус ба Владимир Путин муроҷиат кард. Видеои муроҷиати ӯ дар канали телеграмии Tut.by мунташир шуд.
Ба гуфтаи Тихановская, агар Путин дар мулоқот бо Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус дар Сочи ягон тавофуқномаеро имзо кунад, ин санад ягон арзиши расмӣ нахоҳад дошт, чунки, Лукашенко раҳбари қонунии Белорус ба шумор намеравад. Ӯ таъкид кард, ки дар сурате, ки дар музокираҳои Сочи Путин ва Лукашенко ягон санадеро имзо мекунанд ва сипас мухолифати ҳукумати Белорус ба сари қудрат меоянд, ҳукумати нав ин санадро дубора баррасӣ хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки замони баргузории мулоқоти сарони Русия ва Белорус имрӯз, 14 сентябр аст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ