Духтари ӯзбекистонӣ унвони “Зебои коинот”-ро дарёфт кард

Духтари ӯзбекистонӣ унвони “Зебои коинот”-ро дарёфт кард


Натиҷаҳои панҷумин озмуни байналмилалии зебоӣ эълон шуд. Лилиана Шайхутдинова, духтари ӯзбекистонӣ дар озмун паллаи савумро соҳиб шуд.
Озмуни зебоӣ ба далели пандемия дар шакли онлайн баргузор гардид.
Юлиана Голдман, намояндаи Русия ғолиби озмун шуд. Елена Станиславская, намояндаи дигари Русия ҷои дувумро касб кард.
Лилилана Шайхутдинова, духтари Ӯзбекистон соҳиби паллаи савум ва унвони “Савумин зебои коинот 2021” шуд.
Дар марҳилаи муқаддимотии озмун намояндагони 10 кишвар иштирок карданд. Зебоёни Русия, Ӯзбекистон, Гамбия ва Бангладеш ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.
Ба гуфтаи созмондиҳандагон, ин озмун бори охирин баргузор шуд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ