Покистон – харидори навбатии ваксинаи Русия


Вазорати ҳифзи тандурустии Покистон масъалаи харидории ваксинаи зидди коронавируси Русияро баррасӣ мекунад. Дар ин бора Шоҳ Маҳмуд Қурешӣ, вазири тандурустии Покистон маълум кард.
Ӯ гуфт, ки “Ин воқеъаи хубе аст, мо Русияро табрик мегӯем. Ин нишонаи таҷрубаи баланди шифокорони Русия ҳам мебошад. Дар ҳоли ҳозир хариди ин ваксинаро баррасӣ мекунем”.
Дар ҳоли ҳозир беш аз 20 кишвари ҷаҳон харидори ваксинаи зидди коронавируси Руси яшудаанд. Ҳамчунин, Русия бо 5 кишвар дар бораи истеҳсоли муштараки ваксина тавофуқ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки “Спутник V” то ҳол ягона ваксинаи омодаи зидди коронавирус дар ҷаҳон аст.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ