Конфронси байналмилалии Душанбе: Ояндаи робитаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Конфронси байналмилалии Душанбе: Ояндаи робитаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ


Чанд лаҳза пеш дар шаҳри Душанбе маҷлиси умумии конфронси байналмилалӣ оғоз шуд.
Нахуст, академик Кароматулло Олимов, доктори улуми фалсафаи Тоҷикистон дар мавзӯъи “Дӯстии Алоутдин Богоутдинов ва Иброҳим Муъминов – рамзи илмии ҳамкории файласуфони тоҷику ӯзбек” суханронӣ кард. Олимов саҳми ин ду олимро дар ҳамкории Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар заминаи илму фан таъкид кард ва гуфт, ки ин намояндагони улуми ду кишвар ин робитаҳоро имрӯз муносиб идома медиҳанд, ба хусус, ҳамкории солҳои охир хеле самарбахш буд.
Баъд профессор Хуршед Махшулзода Зиёӣ, доктори улуми фалсафа, мудири Пажӯҳишгоҳи стратегии вобаста ба раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавзӯъи “Робитаҳои сиёсии миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баъди истиқлол” маърӯза кард.
Сипас навбати намояндагони Ӯзбекистон расид. Аввал, Элдор Арипов, номзади улуми сиёсӣ, мудири пажӯҳишгоҳи стратегӣ ва байниминтақавии вобаста ба раисҷумҳури Ӯзбекистон дар мавзӯъи “Шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон – омили ҳалкунандаи таъмини амният ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” нутқ кард. Арипов дар суханронии худ таъкид кард, ки Ӯзбекистон дар даври ҳукумати Шавкат Мирзиёев Осиёи Марказиро ҳамчун самти устувори сиёсати хориҷии кишвар интихоб кард ва дар ин ҷараён ба сатҳи нав бардоштани робитаҳо бо Тоҷикистон яке аз мақсадҳои асосӣ аст. Ӯ рушди робитаҳои дуҷониба ва густариши тадриҷии ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногунро бо таҳлилу омор (статистика) нишон дод.
Масалан, таҳлили се соли охир нишон медиҳад, ки ҳаҷми додугирифти тиҷории ду кишвар аз 200 миллион доллар соли 2016 дар соли 2019 ба 497 миллион доллар расид, яъне се баробар афзоиш ёфт. Бо вуҷуди он, ки бо паҳншавии коронавирус маҳдудиятҳои муайян дар миён афтод, дар моҳҳои январ-июл Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба арзиши 275,2 миллион доллар муомилоти тиҷориро анҷом доданд.
Манбаъ: ӮзА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ