Бостоншиносон дар Исроил қасри даври биринҷиро пайдо карданд

Бостоншиносон дар Исроил қасри даври биринҷиро пайдо карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Бостоншиносон дар як минтақаи Исроил, ки дар қадим шаҳри бузурги Тел-Кабри – маркази Галилеяи Ғарбӣ қад афрохта буд, харобаҳои як қасрро пайдо карданд. Олимон тавонистанд, ки қасрро аз хок комилан ҷудо кунанд. Тадқиқот нишон дод, ки ин қаср тақрибан 3 700 сол пеш сохта шудааст. Дар ин бора PLOS One хабар медиҳад.
Бостоншиносон сабаби вайрон шудани қасрро низ пайдо карданд. Дар қаср нишонаҳои ҳамла ва ё, сӯхтор вуҷуд надорад. Ҳамчунин, нишонаҳои хушкӣ, ё дигар офатҳои табиӣ дар қаср набуд.
Ба гуфтаи олимон, қаср дар натиҷаи заминларза вайрон шудааст. Далелҳо низ якбора хароб шудани қасрро нишон медиҳад, ки он низ заминларзаро сабаби вайронашавии қаср тасдиқ мекунад. Заминларза ба қаср чунон осеб расондааст, ки дигар имкони бозсозии он намемонад.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ