Элдор Арипов: «Тамоми заминаҳо кофӣ ҳастанд, ки муносибатҳои Тошканд ва Душанбе ҳамчун «модели намунавӣ» хидмат кунанд»

Элдор Арипов: «Тамоми заминаҳо кофӣ ҳастанд, ки муносибатҳои Тошканд ва Душанбе ҳамчун «модели намунавӣ» хидмат кунанд»

Имрӯз, 14 сентябр дар Душанбе конфронси дурӯзаи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Саҳми роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар мустаҳкам намудани дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва бо эътимод, кушодани сафҳаи нав дар шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон» оғоз ёфт.
Директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ (SMTI) Элдор Арипов зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ қайд кард, ки конфронс хеле муҳим ва мувофиқ аст ва номи он ба таври равшан рӯҳияи ҳамкориҳои Ӯзбекистону Тоҷикистонро инъикос менамояд.
Ба гуфтаи намояндаи SMTI, муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии ду кишвар пеш аз ҳама ба туфайли иродаи сиёсӣ, эътимоди баланд ва биниши стратегии президентҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба сатҳи нав расиданд.
Аз ҷумла, соли 2018 бори аввал дар таърихи муносибатҳои дуҷониба ташрифҳои давлатии тарафайн баргузор шуданд. Дар маҷмӯъ, аз моҳи сентябри соли 2016 роҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тақрибан 15 маротиба дар саммитҳои гуногун мулоқот кардаанд.
Дар як муддати кӯтоҳ, кишварҳо тақрибан дар ҳама соҳаҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Аз соли 2015 ҳаҷми савдои дуҷониба тақрибан се маротиба афзудааст. Сарфи назар аз он, ки пандемия идома дорад, дар 7 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми фурӯш нисбат ба солҳои 2015 ва 2016 афзоиш ёфтааст.
Шумораи корхонаҳои муштарак низ меафзояд — аз соли 2017 инҷониб шумораи корхонаҳои муштараки Ӯзбекистон қариб 4 маротиба афзудааст. Аз ҷумла, агар дар соли 2017 дар Ӯзбекистон як корхона бо 100% сармояи тоҷикӣ мавҷуд бошад, имрӯз шумораи онҳо ба 70 расидааст ва шумораи умумии корхонаҳои муштарак беш аз 170 мебошад.
Соли гузашта ҳаҷми боркашонӣ бо автомобилҳо байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба 60% афзоиш ёфт. Аз соли 2017 инҷониб, «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» ҳаҷми кашонидани борро дар масири Тоҷикистон 6 маротиба афзоиш додааст.
Ҳамзамон, масъалаҳо дар соҳаи марз ва обу энергетика, ки солҳои пеш гӯё ҳалнашуда, мураккаб ва нозук буданд, низ ҳалли худро ёфтанд.
Тавре, ки Э. Арипов қайд кард, ҳамаи ин дигаргуниҳо дар ҳаёти шаҳрвандони оддӣ эҳсос мешаванд. Дар тӯли солҳои зиёд бори аввал онҳо тавонистанд ба назди хешовандон ва дӯстони худ озодона раванд. Дар ҳоли ҳозир, ҳамарӯза тақрибан 20 000 нафар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистонро убур мекунанд. Се сол пеш ин рақам ҳамагӣ 3-3,5 ҳазорро ташкил мекард.
Ба гуфтаи Арипов, тамоми заминаҳо барои муносибатҳои Тошканд ва Душанбе ҳамчун «модели намунавӣ» барои рушди муносибатҳои ду кишвар кифоя мебошанд.
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар амал нишон доданд, ки мушкилот ва зиддиятҳои шадид метавонанд мавзӯи муколама ва музокирот бошанд, на монеаҳо.
Мо метавонем суботро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо бо роҳи ҳалли ҳама муноқишаҳои шадид, фароҳам овардани шароит барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки ба ҳам судбахш дар соҳаи инфрасохтор, энергетика ва нақлиёт дар минтақа дастгирӣ кунем. Дар навбати худ, чунин лоиҳаҳо метавонанд як омили рушди кишварҳоямон шуда, ҷолибияти сармоягузорони хориҷиро баланд бардоранд, — илова намуд намояндаи SMTI.
Дар хотима Арипов аҳамияти нигоҳ доштани сатҳи баланди ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимодро барои муносибатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон қайд кард.

Шаҳзод Кенҷаев

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ